Дар шаҳри Хуҷанд давоми се моҳи гузаштаи соли 2022-юм беш аз 400 саг безарар карда шуд, ки ин галаи сагҳои дайду ва бесоҳиб мебошад. Давоми як рӯзи рейди мутахассисон 30 саг безарар карда шуд. Дар ҳамин ҳол аз Маркази НДСЭ шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки давоми се моҳи гузашта беш аз 90 нафар аз захми дандони ҳайвонот зарар диданд, ки 54 нафари онҳо аз захми дандони саг осеб дидаанд.