БЕМОРОНИ ҚАНД МЕАФЗОЯНД. ЧӢ ГУНА ОНРО ПЕШГИРӢ НАМОЕМ  

Дар 9-моҳи соли ҷорӣ духтурони  маркази клиникави эндикринологии вилояти Суғд беш аз 700 нафар сокинони вилоятро ба қайд гирифтаанд, ки дар онҳо бори аввал бемории қанд ошкор карда шудааст. Бино ба иттилои табибон гирифторони бемории қанд солҳои охир бамаротиб зиёд шудааст.  Тибқи таҳлилҳо ҳоло дар ҶТ беш аз 55 ҳазор нафар ва дар вилояти Суғд бошад, наздики 18 ҳазор нафар гирифторони бемории қанд дар қайди духтурони  эндикринолог қарор доранд.  Духтурон таъкид мекунанд, ки яке аз сабаби асосии зиёд шудани бемории қанд, ин пеша накардани тарзи ҳаёти солим, пурхӯрӣ, асабоният, зиқии пай дар пай, тарси ногаҳонӣ ва вазни зиёди организм маҳсуб мешавад.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.