Субҳи имрӯз санаи 19-уми август машварати августӣ ва семинари дастурдиҳии вилоятӣ дар Филаили Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” баргузор гардид. Дар кори машварат сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, мудирони шӯъбаҳои маориф, кабинетҳои методӣ, мушовирон, роҳбарони иттиҳодияҳои методии шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ширкат намуданд. Сипас мавзӯъҳои семинарҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.