Тақрибан даҳ нафар истиқоматкунандагони бинои панҷ ошёнаи рақами 30 дар шаҳри Хуҷанд зери оби борон мондаанд. Ҳабиба Мансурова як тан аз бошандаи ин бинои давлатӣ мегӯяд, баъди боронҳои рӯзҳои ахир ҳуҷрааш ба кӯлмак табдил ёфтаааст. Аз сабаби таъмирталаб будани боми бино борон аз қабати панҷуми то ба қабати сеюму чаҳоруми бино асар кардааст. Ин бино ҳамчун хобгоҳ ба корхонаи «Садаф» тааллуқ дошта дар он тақрибан 40 оила зиндагӣ мекардаанд. Аксари истиқоматкунандагони хобгоҳ коркунони корхонаи мазкур ва қисми дигар сокинон буда иҷоранишинанд. Онҳо талаб доранд, ки боми баландошёна тамир карда шавад. Масъулини корхонаи «Садаф» дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфтанд, ки ҳоло 70 дарсади истиқоматкунандагони хобгоҳ иҷорапулии моҳонаро пардохт накардаанд ва 12 ҳазор сомонӣ қарздонанд. Дар сурати пардохти иҷорапулӣ бинои баландошёна бомпӯш мешудааст, ки бино ба тахминҳо беш аз 15 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.