Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки наҷотдиҳандагон пас аз 4 рузи ҷустуҷӯй ҷасади ҷавони 21-соларо аз соҳили дарёи Сир пайдо карданд. Ҷасад тақрибан аз 10 км поёнтари ҷойи ҳодиса руйи об баромадааст. Ёдовар мешавем, ки  санаи 28-уми апрел ду нафар ҷавон, ки яке духтар ва дигар писар буданд, худро аз болои пули ҷашнӣ ба дарёи Сир партофтанд.   Баъди ин ҳодиса  духтари 18 сола наҷот дода шуд. Аммо ҷасади  ҷавон аз ҳисоби тез будани мавҷи оби дарё ғарк шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.