Ҳафтаи охир бинобар тағирёбии вазъи боду ҳаво боридани сел дар ноҳияҳои вилояти Суғд бештар ба назар расид. Масалан, 4 рӯз қабл, санаи 25-уми июл дар се деҳаи ноҳияи Деваштич сел омад. Дар натиҷаи он заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои мошиград ва ҳамчунин чанд адад кӯпрук нобуд шудааст. Дар ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.