Роҳи нави поёни автовокзали «Абрешим» дар шаҳри Хуҷанд истгоҳи сокинони маҳаллаи 34-ро дуртар намудааст. Ин роҳ оғози моҳи апрел бо дарозии 375 метр ва паҳноияш 5 метр мумфаршу ба истифода дода шуд. Акнун ҳаракати ҳамаи микроавтобусҳои мусофиркашон ва дигар нақлиёт, ки аз мавзеи Ором ба Хуҷанд ҳаракат мекунад тариқи ин роҳи яксамта вориди шаҳр мешавад. Қаблан ҳаракат бо истгоҳи беморхонаи клиникавии вилояти Суғд идома карда аз байни биноҳои баландошёнаи маҳаллаи 34 мегузашт. Аммо баъди ба истифода додани роҳи нав сокинони маҳаллаи 34-и Хуҷанд бояд дар истгоҳи «Абрешим» ва ё истгоҳи маҳаллаи 33 интизори нақлиёти ҷамъиятӣ шаванд. Нигаронии сокинон ҳам дар он аст, ки ин ду истгоҳ аз биноҳои баландошёнаи маҳаллаи 34 дуртар мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.