Давоми ҳаштмоҳаи соли 2020 аз ҷониби озмоишгоҳи таъминоти бехтарии озуқавории назди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд 800 дона тухми пастсифат ва бо миқдори муайян гӯшти мурғ аз санҷиш нагузаштааст. Дар ин ташхисгоҳ тамоми маҳсулотҳои бозорҳои Панҷшанбе аз санҷиш гузаронида шуда, баъди муайян кардани бехатарӣ ба саломатии инсон ба фурӯш мебарояд. Он маҳсулотҳои ғизоие, ки аз санҷиш намегузаранд, сӯзонида шудаанд.