Дар донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Он таҳти унвони “Тараққиёти соҳаҳои саноат чун омили рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузашт. Инчунин дар конфронси мазкур 80-солагии корманди шоистаи кооператсияи матлуботи ҶТ, профессори кафедраи менеҷмент ва маркетинг Ирмат Усмонов таҷлил карда шуд.