75 ҲАЗОР НАФАР ДОВТАЛАБОН БА ТАҚСИМОТ РОҲ ЁФТАНД. АММО ҲАНӮЗ ДОНИШҶӮ НЕСТАНД   

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 75 ҳазор нафар довталабон ба тақсимот роҳ ёфтанд. Онҳо аз натиҷаи имтиҳонот баҳои хубу аълоро ба даст оварданд. Дар вилояти Суғд бошад наздик ба 90 фоизи дар рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштагон ба тақсимот роҳ ёфтанд. Аммо ҳанӯз онҳо номи донишҷӯро соҳиб нагардиданд.  Пас аз 3 рӯзи дигар тақдири онҳо вобаста ба нишастан дар курсии донишҷӯӣ ҳал хоҳад шуд. Зеро Маркази миллии тестӣ санаи 24-уми июл натиҷаи тақсимотро эълон менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.