Ҷаласаи навбатии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода оид ба маъракаи муҳими сиёсӣ-даъвати ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳ бахшида шуд. Аз чумла зимни баргузории ҷаласа иттилоъ доданд, ки имруз дар мактаби ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд 38 нафар ҷавонон барои курси ронандагӣ ҷалб гардидаанд, ки онҳо баъди хатм ҳамчун ронанда ба сафи Қуввааҳои мусаллаҳ пайваст хоҳанд шуд. Таҳсили ин гуруҳ дар мактаб ройгон ба роҳ монда шудааст.