Боғи фарҳангӣ фароғатии Камоли Хуҷандиро имсол 300 ҳазор дона гули лола ва дигар гулҳои мавсимӣ зеб дод. Соли дуввум аст, ки боғи фарҳангӣ фароғатии Камоли Хуҷандиро майдони лолазор зеб медиҳад. Имсол дар ин масоҳат 34 намуди лолаҳо ва инчунин гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.