30 нафар журналистони вилояти Суғд бо гузаштани семинари дурӯза дониши ҳуқуқии худро баланд карданд. Ин гуруҳ дар шаҳри Хуҷанд аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъ омада, оид ба “ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқи журналистон” маълумотҳои худро пурра намуданд. Он дар асоси як лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии МИР, яъне маркази имконият баҳри рушд амалӣ карда шуд.