Зимситони соли 2019-20 камбориш шуд. Аз рӯи иттилоъи сардори маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд дар ин маврид баҳор сербориш ва тобистон то 45-50 дараҷа гарм мешавад. Гуфта мешавад, ки аллакайаз санаҳои 1 то 3-уми март ҳараорти ҳаво то 20 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ин гуна обу ҳаво дар 3 ё 5 сол як маротиба такроршаванда буда, охирин маротиба соли 2016 мушоҳида шудааст.