20.02.2020 ин сана шояд барои баъзе нафарон маъмулӣ ва як рӯзи муқаррарист. Аммо нафароне ҳастанд, ки ин рӯз барояшон ҳамчун рақами зебо, бобарор ё худ санаи хушбахтист. Ҷавононе ҳастанд, ки мехоҳанд маҳз дар ин сана хонадор шаванд. Ба ҳамин хотир мо ба хонаи ақди никоҳ муроҷиат намудем. Масъулон иттилоъ доданд, дар шаҳри Хуҷанд санаи 20.02.2020 3 ақди ниқоҳ ва то нисфирӯзӣ 2 адад аризаи никоҳ ба қайд гирифта шудааст.