Ҳоло, ки ҳарорати ҳаво гарм аст, маҳсулотҳо тез нобуд мегардад. Аммо гоҳо мушоҳида мешавад, ки масъулин ва фурӯшандагон ба ин ҳолат аҳамият надода, онро ба харидорон пешниҳод менамоянд, ки ин ҳолат боиси сар задани бемориҳои сироятии дарунравӣ ва ё қайкунӣ мегардад. Пас чӣ кор бояд кард?     Дар шаҳри Хуҷанд 143 нафар сокинон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Зеро ин гуруҳ маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлати истеъмолаш гузаштаро дар марказҳои савдо ва бозору мағозаҳо ба фурӯш гузошта, ба саломатии одамон, ба хусус наврасон таҳдид эҷод намуданд. Дар ин бора гузориши навбатии барнома нақл мекунад ва ба саволҳои боло посух ҷустааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.