13-УМИ ОКТЯБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ КОҲИШИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ АСТ

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он валантёрон ва хонандагон фаъолона иштирок намуданд. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид санаи 13-уми октябрро, Рӯзи байналмиллалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ эълон намудааст. Ҳадафи эълони ин рӯз, расонидани кӯмак дар самти ташаккули фарҳанги умумиҷаҳонии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин ин рӯз, барои бохабарсозии оммаи васеъ оид ба таъсири манфии офатҳои табиӣ ба ҳаёт ва некуаҳволии одамон нақши муҳим мебозад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.