Антисептикҳои сохта ва ғайритсардатӣ дар вилояти Сугд ҳангоми авҷи пандемияи коронавирус ба фурӯш баромада, чанде аз сохибкорон маблағи муфт ба даст оварданд. Ин ҳолат дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати онҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов иттилоъ дод, ки давоми 6 моҳи охир 106 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҷавобгари маъмурӣ кашида шуда, 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Вобаста ба пешгирии пандемияи коронавирус бошад 24 санадҳои эътиноӣ бароварда, 88 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.