Бекоршавии ақди никоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2021, 1959 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба шаш моҳаи аввали соли 2020-ум 37 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора ҷудошавии оилаҳои ҷавон 1885 ҳолатро ташкил медиҳад. Яке аз омилҳои коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ байни ҷавонон ин тарбияи дурусти онҳо маҳсуб мешавад.