Боришоти пайдарпайи аввали фасли баҳор боиси харобиҳо дар баъзе аз қабрҳои оромгохҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он гардидааст. Ҳатто баъзе аз қабрҳо фурӯ рафта, баъзеи дигар сӯрох гардидааст. Ин дар ҳоле ки ҳайвонҳо ва сагҳои дайду зиёд аст. Ин холат масъулини оромгоҳҳоро ба ташвиш овардааст.