Шӯрои Ҷамъияти оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳисоботи 6 моҳаи худро пешниҳод кард. Дар ин чорабинии ҳисоботӣ Раиси Шӯрои Ҷамъияти оид ба Ислоҳоти милитсия дар вилояти Суғд, Намояндаи созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ва валантиёрон иштирок намуданд. Мақсад аз ташкили чорабинӣ ин густариши ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва пешгири намудани нашъамандӣ дар байни ҷавонон аст. Шӯрои ҷамъияти оид ба Ислоҳоти милитсия дар 14 шаҳру ноҳияҳо аз соли 2013 инчониб фаъолият мекунад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад шуро аз соли 2014 расман ба кори худ оғоз кардааст.