Иштирокчии ҶБВ, собиқадори ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Қориҷон Ахмедов аз лаҳзаҳои мудҳиши солҳои ҷанг ёдоварӣ намуд. Ин ҷанговар ҳанӯз дар 18-солагӣ, санаи 19-уми ноябри соли 1942 баробари ҳазорҳо нафар Тоҷикистониён ба Фронт сафарбар шуда буд. Дар майдони ҷанг борҳо ҷароҳат бардошта, дар госпиталҳои ҳарбӣ табобат гирифтааст. Қориҷон Ахмедов мегӯяд, бо баробари душвориҳои зиёд, барои ба мақсад расидан кӯшиш кардем ва дар охир ғалабаро ба даст овардем. Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 11 нафар иштирокчиёни ҶБВ умр ба сар мебаранд, ки гули сари сабади ҳамаи чорабиниву маҳфилҳо мебошанд.