Нозирони роҳи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ҳангоми шабона қонунвайронкунии ронандагонро бештар ошкор менамоянд. зеро дар шаб ронанда бо мақоли халқии “Худам шоҳу табъам вазир” нақлиётро идора намуда, ба аломати ҳаракати роҳ итоат намекунад. Ин ҳолатҳо боиси нигаронии нозирони роҳ гардидааст. Ҳамчунин ҳолатҳои қоидавақронкунӣ боиси сар задани садама мегардад.