Санаи 19-уми сентябри ҳафтаи гузашта ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар ярмарка кишоварзони вилояти Суғд маҳсулоти хоҷагии қишлоқро бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти ярмарка ва нарху навои маҳсулот дидан намуд.