Давоми 9 моҳи охир дар шаҳри Хуҷанд 35 тифли навзод фавтидааст. Сабабу омилҳояшро духтурон ба вуҷуд доштани бемориҳои сироятии дохили батнӣ ва норасида тавлид шудани тифл рабт медиҳанд. Ҳангоми пандемияи коронавирус ҳомиладор гардидани зан хатар дорад? Аслан чӣ гуна ҳангоми ногувор будани вазъи эпидемиологӣ занҳои ҳомила худро эҳтиёт намоянд?