Бегоҳии санаи 07-уми октябр аз чоҳи ташноб оби ифлос ҷорӣ шуда, то роҳи нақлиётгард баромад. Ин ҳодиса дар роҳи асосии маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд рух дода, бӯи ғализи он ба атроф паҳн гардид. Субҳи имрӯз гурӯҳи хабарнигорони шӯъбаи иттилотӣ ба ҷойи садама ҳозир шуда, гузориш омода карданд.