Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чиниши пахтаро аз моҳи сентябр оғоз карданд. То ба имрӯз пахтакорони 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят 9 ҳазор тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намуда ба хирман супориданд. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ барои беталаф чидани пахта ҷамъоварӣ бо маром идома дорад.