Дар “Қасри Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба рӯзи табибон мулоқоти кормандони соҳаи тандурустӣ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид. Раиси вилоят фаъолияти табибонро дар шароити пандемия назаррас хонда, заҳмати онҳоро қадрдонӣ намуд.