Ба муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Суғд беш аз 1400 тонна орд тақдим гардид. Онро барои омода кардани хӯроки яквақтаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ сарф менамоянд. Кумаки моддӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ сурат гирифт. Ҳадаф таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи хӯрока аст.