Себ имсол дар ноҳияи Деваштич фаровон аст. Нархи себи хушсифат 2 сомонӣ арзиш дорад. Қисмати бештари бошандагони ноҳияи мазкур себро ба маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд барои фурӯш меоранд. Дар бозори марказии “Панҷшанбе” бошад нархи як кг себи хушсифат 7 сомонӣ арзиш дорад. Маълум ки ин намуди меваҷот то аз деҳқон ба дасти фурӯшанда расиданаш зиёда аз 5 сомонӣ қимат мешавад.