Сардии ҳафтаи сипаригашта боиси боло рафтани нархи картошка дар бозорҳои вилояти Суғд гардид. Арзиши картошка дар бозори марказии “Панҷшанбе” аз 4 сомониву 40 дирам то ба 5 сомонӣ расид. Сабаби боло рафтани онро масъулин ин ба паст омадани вазъи обу ҳаво вобаста карданд. Хушбахтона ду рӯзи охир нархи ин маҳсулот ба меъёр даромадааст. Саидмухтори Саиданвар гузориш медиҳад.