Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии Рӯзи дарҳои кушодро ташкил намуд. Дар он хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ҳадафи чорабинӣ ин аз наздик ошнои пайдо намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилати миёнаи умумӣ бо раванди таълим ба ҳисоб меравад.