Санаи 22-уми сентябр рӯзи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин муносибат чорабиниҳои фарҳангӣ, илмиву адабӣ баргузор мешаванд. Гузориши Мафтуна Шукрова оид ба дафтари умри қофиласори адбиёти тоҷику форс ва таҷлили рӯзи Рӯдакӣ маълумот медиҳад.