“ҶДММ Ҳоҷӣ Рауф” яке аз корхонаҳои паррандапарварие мебошад, ки дар ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ҷойгир аст. Ин корхона фаъолияти худро дар бинои нав идома дода айни замон зиёда аз 5000 саршумори мурғро парвариш карда истодаанд. Фаъолияти онҳо барои истеҳсоли тухм нигаронида шудааст. Соҳибкори ватанӣ бо баробари рушди соҳа барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандонаш талош дорад. Оид ба имкониятҳои ин корхонаи истеҳсолӣ гузориши навбатии барнома иттилоъ медиҳад.