Ронандаи фирорӣ, ки субҳи санаи 1-уми феврали соли равон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд марди 60 соларо бо пахш намуда, ғайб зада буд, ба даст афтод. Вай сокини 36 солаи шаҳри Истаравшан мебошад. Ӯ ҳангоми ҳаракат аз маҳаллаи 34-ум ба гардиши Ором сокини ноҳияи Айниро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Шарҳи бештари мавзӯъро дар навори навбатии барнома тамошо намоед.