Мавзеи Автовакзали кӯҳна ҳамешагӣ серодам аст. Рузҳои охир ҳам аз ҷониби ронандагони нақиёти мусофиркашонии таксӣ ва ҳам мусофирон меъёрҳои тиббию санитарӣ риоя намешаванд. Дар ҷараёни наворгирӣ маълум гардид, реҷаи ниқобиро ронандагони таксӣ, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамарӯза мусофиркашонӣ мекунанд, вайрон карда истодаанд.