Аз санаи 25 ноябр то 10 декабр дар тамоми ҷаҳон 16 рӯзи алайҳи хушунат дар хонавода ҷараён мегирад. Ҳамасола дар шаҳри Хуҷанд аксияи мазкур бо тақдими гул ва варақаҳои иттилотӣ роҳандозӣ мешавад. Ин гуна варақаҳо дар автобусҳои мусофиркаш низ часпонида шудааст. Ҳадаф аз баргузории аксия аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила мебошад.