Дар чанде аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба хотири таҷлили Рӯзи бузургдошти модар чорабинӣ ва озмунҳо ҷараён дорад. Дар мактаби рақами 20-уми шаҳри Хуҷанд озмуни “Оши палав”-ро ташкил намуданд. Ин кор аз ҷониби хонандагони синфҳои болоӣ ба хотири арҷ гузоштан ба заҳмати модар ташкил карда шуд.