Донишҷӯдухтарони курси чоруми ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагии факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар чорабинии наврузии донишгоҳ намоиши либосҳои миллии идонаро ба саҳна гузоштанд. Либосҳои донишҷӯён маҳсули кори худи онҳост. Донишҷӯён аз матоъҳои адрасу атлас ва чакан либосҳои идонаро омода карда, ба намоиш гузоштанд. Чорабинии наврӯзии донишҷӯён аз руи 15 бахш гузаронида шуд, ки он бозгӯи суннатҳои иди қадимаи тоҷикон Наврӯз маҳсуб меёбад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.