“Зан олиҳаи ҳусн ва кадбонуи моҳир” таҳти ин унвон озмуни наврӯзӣ ташкил гардид. Озмун байни факултаҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаронда шуд, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯёни факултаи тиҷорат, фаъолитяти гумрук ва ҳуқуқ бо гирифтани 92 хол сазовори ҷои аввал гардиданд.