Боз як навгонӣ дар мавриди гузоштани ному насаб ба кӯдаки навзод. Шурӯъ аз санаи 4-уми июли соли 2020-ум дар асоси қарори махсуси асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар кишвар гузоштани ному насаб тариқи анъанаи миллӣ ҷараён мегирад. Яъне дигар аз пасвандҳои –ов, -ова истифода намекунанд. Ба ҷойи он аз пасвандҳои –зод, -зода, -ён, -ёр, -фар, -духт гузошта мешавад.