Сокинони бинои 139-и кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ ва бинои 55-и Ҳаким Карим аз беоби азият мекашанд. Насоси обкашии ин биноҳо тез -тез корношоям мегардад. Ба ошёнаҳои 3, 4 ва 5-ум бошад бидуни насоси обкашӣ об намебарояд. Ин мушкилӣ кай бартараф мешавад? Гузориши навбатии барнома ба ин савол посух меҷӯяд.