Дар толори маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолон доир гардид. Дар ин вохурӣ дар баробари ёдкард аз санаҳои муҳими таърихӣ — 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700 солагии хоҷа Камоли Хуҷандӣ инчунин масъалаҳои марбут ба пешгирӣ намудани ҷиноятсодиркунӣ дар байни ҷавонон матраҳ гардид.