Камолиддин Худоймерганови 14 сола соҳиби шоҳҷоиза гардид. Вай дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ширкат намуда, бо навохтани асбоби мусиқии дутор муваффақ гардид. Наво аз рӯи асари Сироҷиддин Ҷӯраев дар жанри анъанавӣ иҷро карда шуд.