Дар МТМУ №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1677-нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Баъди оғоз шудани соли хониши нав дар як рӯз ба ин муассисаи таълимӣ то 40 нафар ба дарс ҳозир нашуда истодаанд. Ин аз ҳисоби паҳншавии короновирус буда, омӯзгорон хона ба хона гашта бо падарону модарони хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.