Охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар саросари кишвар паҳншавии вируси COVID-19 расман эълон шуд. То ин дам дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ягон ҳолати сироятёбӣ ба короновирус ошкор нашудааст. Аз рӯи таҳлилҳо дар шаҳри Истиқлол 11 ҳолати гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва як фавт ба қайд гирифта шудааст.