Дар шаҳри Хуҷанд бозори гарми бейдҷики зиддивирусӣ сард шуд. Зеро фурӯши он аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Суғд қатъ карда шуд. Манъи фурӯш аз рӯи натиҷаи таҳлили мутахассисиони озмоишгоҳ ба роҳ монда шудааст, ки он ба талабот ҷавобгӯ нест ва хусусияти шифобахшӣ надорад.