“Бехатарӣ аз сӯхтор” мавзӯъи озмуни расми беҳтарин буд, ки он байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Озмун аз ҷониби Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд ташкил гардид. Мақсади асосии он пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва огоҳ намудани хонандагон аз қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор мебошад.