БДА дар вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ҳар ронанда муоинаи ҳатмии техникиро бояд ҳамасола гузарад. Зеро он барои бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат мекунад. Ҳангоми гузаштан аз муоинаи техникӣ камбудиҳои нақлиёт новобаста аз тамға сари вақт ошкор ва бартараф карда мешавад. Ин ҳолат метавонад барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш мусоидат намояд.