Дар асри 21 осиёи обӣ мавҷуд буда, ҳанӯз коршоям аст. Ин осиёи бобоӣ дар яке аз деҳаҳои хурдтарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъол буда, аз замони қадим то ба имрӯз ба мардуми 5-6 деҳа хизмат мерасонад. Мардум дар осиёи обӣ гандумро орд мекунанд. Осиёбон бошад аз сирри ин мероси бебаҳои аҷдодон нақл намуд.